Ба гузориши ТоҷикПресс, субҳи имрӯз телевизиони Сурия эълом кард, ки давлати Башор Асад суқут карда ва раисҷумҳури ин кишвар низ аз Димишқ хориҷ шудааст.
Муҳаммадғозӣ Ҷалолӣ, нахуствазири Сурия пас аз суқути ин кишвар эълом кард, Субҳи якшанбе дар сохтмони нахуствазирӣ ҳозир мешавам ва омодаи ҳаргуна иқдоме барои интиқоли қудрат ва таслим ҳастам”.
Ӯ гуфт, ки омодааст бо ҳар раҳбаре, ки мардуми Сурия интихоб кунанд, ҳамкорӣ кунад.
Ҷалолӣ афзуд: “Умедворам, ки ҳамаи мардуми Сурия, бо ақлоният дар хусуси манофеи кишварашон фикр кунанд, дастамонро ба сӯи ҳар шаҳрванди сурие, ки ба ҳифзи тавоноиҳои кишвараш алоқаманд аст, дароз мекунем ва аз шаҳрвандон мехоҳам ба амволи умумӣ ва давлатӣ хисорат ва осибе назаданд”.
Нахуствазири собиқи Сурия сипас гуфт: “Имон дорем Сурия барои ҳамаи мардуми Сурия аст ва Сурия метавонад як кишвари табиӣ бошад, ки равобити хубе бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя бидуни узвият дар эътилофҳо ва меҳварҳо дошта бошад”.
Аз сӯи дигар Абӯ Муҳаммад Ҷавлонӣ, раҳбари гуруҳи Ҳайати Таҳрир-уш-шом, эълом кард, ки “Муҳамадғозӣ Ҷалолӣ” то замоне, ки ба шакли расмӣ қудратро мунтақил кунад, мудирияти созмонҳо ва вазоратхонаҳоро дар даст хоҳад дошт.
Гуруҳҳои террористӣ соате пеш аз меҳварҳои мухталиф вориди Димишқ, пойтахти Сурия шуда ва бидуни ҳеҷ муқовимате тамомии шаҳрро ба кантроли худ дар овараданд.
Онҳо ҳамчунин бидуни ҳеҷ гуна муқовимате, кантроли фурудгоҳи Димишқ ва сохтмони радио ва телевизиони Сурияро низ ба даст гирифтаанд.
Хабаргузории Ройтерс низ ба нақл аз манобеи расмии сурӣ эълом кард, ки Башор Асад дар Димишқ ҳузур надорад; як манбаи низомии сурӣ низ ба ин хабаргузорӣ гуфт, ки фармондеҳии артиши Сурия, “суқути давлати Башор Асад”-ро ба афсарону фармондеҳони артиш иблоғ кардааст.
Иддаои хомӯш шудани радари ҳавопаймои Башор Асад дар ҳангоми тарки Сурия
Вебсайти Flight Radar, ки дар заминаи радёбии ҳавопаймоҳо фаъолият мекунад, иддао кард: Ҳавопаймои ҳомили Башор Асад ба самти шимоли ғарбӣ парвоз кард, сипас дар наздикии Ҳумс печид ва нопадид шуд.
Ин вебгоҳ муддаӣ аст, ки ҳавопаймои Башор Асад радарҳои худро баста ва аз сафҳаи дастгоҳҳои расад, пинҳон шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Wall Street Journal ба нақл аз масъулони амниятии сурӣ эълом кард, ки Башор Асад дар соати аввалияи субҳи имрӯз (якшанбе) ба мақсади номаълум, кишварашро тарк кард.
Ин рӯзнома навишт, ки хуруҷи Асад аз Сурия пас аз он сурат гирифт, ки ҳамсару фарзандонаш ҳафтаи гузашта ба Русия рафтанд.
Вуруди танкҳои Исроил ба хоки Сурия
Дар пайи суқути Димишқ дар бомдоди имрӯз (якшанбе), расонаҳои Исроил аз вуруди танкҳои артиши ишғолгар ба баландиҳои Ҷавлон хабар доданд.
Расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки танкҳои “артиши Исроил” аз девори марзӣ дар баландиҳои Ҷавлон убур карданд.
Радиои артиши режими саҳюнистӣ низ эълом кард, ки ин артиш амалиёти низомии худро дар минтақаи ҳоил дар Ал-қунайтараи Сурия дар наздикии марз оғоз кард.
Бархе манобеи расонаӣ низ гузориш доданд, ки артиши режими саҳюнистӣ бо танкҳои худ, ба сурати густарда вориди минтақаи Ал-қунайтара дар ҷануби Сурия шуда ва ба бархе марокизи таслеҳотӣ ҳамла кардааст.
https://tajikpress.com/2024/12/08/